Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Календарь событий

10 July 2026

ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ПАЛАТА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ПАЛАТА ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

9 июли соли 2026 ҷаласаи Раёсати Палата оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

Санаи 7 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.

Санаи 7 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид. Дар доираи чорабинии мазкур директори кулли Палатаи вилоят Нурализода Амрулло Назрулло бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Туркманистон Гурдов Мерген Меретдурдиевич вохурӣ доир намуданд.

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон

Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2026-ум баргузор гардид.

Намояндагони ширкатҳои саноатӣ-тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Хатлон ташриф оварданд

Баъди доир гардидани “Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон” дар шањри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон дар рузҳои 27-28 июни соли 2026 ва вохуриҳои доирнамудаи роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, санаи 2 июли соли ҷорӣ намояндагони ширкатҳои саноатӣ-тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Хатлон ташриф оварда бо роҳбарияти Палатаи Савдо ва саноати вилояти Хатлон мулоқот оростанд.

Ҳамкориҳои Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Палатаи соҳибкорони шаҳри Алмаато

Ҳамкориҳои Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Палатаи соҳибкорони шаҳри Алмаато – заминаи нави рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ

Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни сохторҳои соҳибкорӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, ҳамкориҳои Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Палатаи соҳибкорони шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ буда, барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам меорад.

Санаи 30 июни соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо муносибати қабули ташаббуси навӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036"

Санаи 30 июни соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо муносибати қабули ташаббуси навӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036" бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 25 июни соли 2026, дар арафаи рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ қабул гардид, мизи мудаввар доир гардид.

НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ АЛМААТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ОҒОЗ ГАРДИД

НАМОИШ-ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ АЛМААТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ОҒОЗ ГАРДИД

АЛМААТО, 27 июн. Имрӯз дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳокими шаҳри Алмаато Дархан Амангелдиевич Сатыбалды расман оғоз гардид.

Санаи 26 июни соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо муносибати Рузи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар доир гардид.

Санаи 26 июни соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо муносибати Рузи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар доир гардид.

Муовини директори кулли Палата Шараф Сангов дар баромадашон қайд карданд, ки мардуми шарафманди тоҷик имрўз 29-умин солгарди рўзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн мегирем. Барои расидан ба ин рўзи саид халқи тоҷик аз имтиҳон ҷиддии таърих гузашта бо шарофати хиради азалии худ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами Ваҳдат сарҷамъ гардида, озодона умр ба сар барад.

Вохурии муовини директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Шараф Сангов бо менеҷери шуъбаи кор бо ташкилотҳои хурду миёнаи бонки «Арванд»

Рӯзи 25-уми июни соли 2026 муовини директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Шараф Сангов бо менеҷери шуъбаи кор бо ташкилотҳои хурду миёнаи бонки «Арванд» Акбаров Акмал вохурӣ доир намуд. Дар вохурӣ муовини директори кулл дар бораи фаъолият ва ҳамкориҳои Палата бо ширкату соҳибкорони вилоят, аъзоёни Палата ва Палатаҳои хориҷӣ кишвар, ки бо Палатаи вилоят ҳамкориҳо доранд маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШӮРОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШӮРОИ КОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Рӯзҳои 19 ва 20 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе таҳти ҳамраисии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ ва Ноиби Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакиров Мамасадик Сабирович бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Вохурии сардори Раёсати Палатаи савдо ва саноати Кулоби вилояти Хатлон Раҷабов Зафар бо мудири бахш

Рӯзи 24-уми июни соли 2026 сардори Раёсати Палатаи савдо ва саноати Кулоби вилояти Хатлон Раҷабов Зафар, бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ байни Палатаи савдо ва саноати вилоят ва Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба ноҳияи Муъминобод сафар карданд. Дар доираи сафари мазкур, бо мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳия Файзов Аъзам, вохӯрии корӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ оиди кор ва фаъолияти Палата, рушди ҳамкориҳо бо соҳибкорони ноҳияи Муъминобод ибрози ақида намуданд.

“Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон”

Рӯзи 22-уми июни соли 2026 директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Нурализода А.Н., дар ҳайати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бо мақсади дидани омодагиҳо ва иштирок дар “Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон” ва ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Алма-ато сафар карданд.

Вохурии директори кулли Палатаи вилоят бо соҳибкорзанон

Санаи 22 июни соли ҷори директори кулли Палатаи вилоят бо соҳибкорзанон: роҳбари хоҷагии деҳқонии "Файзали-1" Рустамова Н. ва соҳибкори инфиродӣ Амирова М. аз ноҳияи Кӯшониён, соҳибкори инфиродӣ Табарова Н. аз шаҳри Левакант ва соҳибкори инфиродӣ Таварова Ҳ. аз ноҳияи Ҷайҳун вохурии корӣ доир намуданд.

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛУ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ САЛОМАТӢ ВА ЗЕБОӢ

ДАР «ДУШАНБЕ ЭКСПО» НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛУ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ САЛОМАТӢ ВА ЗЕБОӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии «Душанбе Экспо» намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ оғоз гардид. Намоишгоҳ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба муаррифии иқтидор ва имкониятҳои ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои иштирокчӣ равона гардидааст.

Санаҳои 4-5 июни соли ҷори дар мавзеи “Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод

Санаҳои 4-5 июни соли ҷори дар мавзеи “Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод, Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Хатлон: сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат” баргузор гардид.

Таҳти роҳбарии директори кулли Палатаи вилоят Нурализода Амрулло Назрулло, Сардори Раёсати ПСС-и вилоят дар минтақаи Кулоб Раҷабов Зафар Ҳасанович, мутахассиси шуъбаи кор бо аъзоёни Палата ва намоишгоҳҳо Набиев Файзулло ва ташхисгари Раёсати ПСС-и вилоят дар минтақаи Кулоб Сангов Пулодҷон саҳми худро гузоштанд.