
Рӯзи 25-уми июни соли 2026 муовини директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Шараф Сангов бо менеҷери шуъбаи кор бо ташкилотҳои хурду миёнаи бонки «Арванд» Акбаров Акмал вохурӣ доир намуд. Дар вохурӣ муовини директори кулл дар бораи фаъолият ва ҳамкориҳои Палата бо ширкату соҳибкорони вилоят, аъзоёни Палата ва Палатаҳои хориҷӣ кишвар, ки бо Палатаи вилоят ҳамкориҳо доранд маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.
Инчунин дар вохурӣ оиди дастовардҳои аъзоёни Палата, иштирокашон дар Форуму намоишгоҳҳо ва семинару тренингҳои омузишӣ, ки бо ташабусси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоят доир гардонида мешавад, қайд карда гузаштанд.
Дар вохурӣ Акбаров Акмал оиди ҷудо намудани қарзҳои фоизашон паст ва рушди ҳамкорӣ бо соҳибкорони вилояти Хатлон хусусан аъзоёни Палата, ки ба истеҳсолот ва содироти маҳсулоти истеҳсоли вилояти Хатлон машғуланд, ибрози назар намуданд.
Тарафҳо ба нақша гирифтаанд, ки дар даҳаи аввали моҳи августи соли 2026 вохурии муштарак бо аъзоёни Палата ва соҳибкорони вилоят баргузор намоянд.

