Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Санаи 7 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид.

Санаи 7 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Туркманистон баргузор гардид. Дар доираи чорабинии мазкур директори кулли Палатаи вилоят Нурализода Амрулло Назрулло бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Туркманистон Гурдов Мерген Меретдурдиевич вохурӣ доир намуданд. Муҳтарам Мерген Меретдурдиевич дар рафти суханронии худ аз пазироии самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуда, омодагии комили доираҳои соҳибкории Туркманистонро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ва истифодаи самарабахши имкониятҳои ин Шӯрои корӣ устувор хонд. Инчунин таъкид намуд, ки корхонаҳои бузурги саноатӣ, кимиёвӣ ва логистикии Туркманистон ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои мустақим бо соҳибкорони тоҷик, аз он ҷумла вилояти Хатлон ва роҳандозӣ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар қаламрави вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд мебошанд. Дар рафти вохурӣ директори кулли Палата оиди имкониятҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва сайёҳии вилояти Хатлон маълумот пешниҳод намуда, даъват аз он карданд, ки дар доир намудани Форуму намоишгоҳҳо ва рушд додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорони вилояти Хатлон ва минтақаҳои Ҷумҳурии Туркманистон аз имкониятҳои мусоид истифода хоҳем бурд. Дар ҷаласаи дуюми Шӯрои кории Тоҷикистону Туркманистон 10 нафар роҳбарони ширкатҳо, соҳибкорон-аъзоёни Палата аз вилояти Хатлон иштирок карданд.