Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон

Санаи 6 июли соли ҷорӣ дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2026-ум баргузор гардид.

Оид ба масъалаи якуми рузномаи маҷлис директори кулли Палата Нурализода А.Н. ахборот дода, барои ҳарчи бештару хубтар кардани фаъолияти Палатаи вилоят дар самти кор бо аъзоёни Палата, бештар намудани шумораи аъзоёни Палата аз ҳисоби ширкату корхонаҳо, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ва рушд додани ҳамкориҳои судманд бо Палатаҳои хориҷӣ кишвар ва таъмини иштироки соҳибкорони вилоят дар намоишгоҳҳо ва Форумҳои иқтисодию сармоягузории минтақавию хориҷӣ ибрози ақида намуданд.

Дар маҷлис оиди дидани омодагиҳо ҷиҳати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии умҳурии Тоҷикистон низ қайд карда гузашта, барои ҳарчи бештару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Палата дар нимсолаи дуюми соли 2026-ум ва ноил шудан ба дастовардҳои хуби меҳнатӣ таъкид карданд.