Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Вохурии сардори Раёсати Палатаи савдо ва саноати Кулоби вилояти Хатлон Раҷабов Зафар бо мудири бахш

Рӯзи 24-уми июни соли 2026 сардори Раёсати Палатаи савдо ва саноати Кулоби вилояти Хатлон Раҷабов Зафар, бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ байни Палатаи савдо ва саноати вилоят ва Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба ноҳияи Муъминобод сафар карданд. Дар доираи сафари мазкур, бо мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳия Файзов Аъзам, вохӯрии корӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ оиди кор ва фаъолияти Палата, рушди ҳамкориҳо бо соҳибкорони ноҳияи Муъминобод ибрози ақида намуданд. Тарафҳо оиди, рушди соҳибкорӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорони ноҳияи мазкур ва минтақаҳои дигар Ҷумҳурии ва хориҷи қайд карда гузаштанд. Инчунин дар вохурӣ ҷиҳати зиёд шудани сафи аъзоёни палата аз ноҳияи Муъминобод ва гузаронидани вохӯрӣ бо соҳибкорони ноҳия гуфта гузаштанд.

Баъди вохӯриҳо дар ноҳияи Муъминобод, санаи 25 июн сардори Раёсати Палатаи савдо ва саноати Кулоби вилояти Хатлон Раҷабов З. ба ноҳияи Ховалинг сафар намуданд. Дар оғози вохўри муовини якуми раиси ноҳия Табарзода В.С. сўҳбати самими анҷом дода, барои ташрифамон изҳори сипос намуданд. Сипас, Табарзода В.С. оиди дастовардҳои корхонаҳо ва соҳибкорони ноҳия маълумот пешниҳод намуданд. Дар вохӯрӣ оиди кор ва фаъолияти Палата, рушди соҳибкорӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорони вилоят ва соҳибкорони хориҷӣ, бештар шомил шудани соҳибкорони ноҳия ба сафи аъзогии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯҳои судманд ба анҷом расонида шуд.

Чунин вохуриҳо санаи 19 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Кулоб, ноҳияи Восеъ ва бо роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Кулоб» низ, доир карда шуд.