
Санаи 26 июни соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо муносибати Рузи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар доир гардид.
Муовини директори кулли Палата Шараф Сангов дар баромадашон қайд карданд, ки мардуми шарафманди тоҷик имрўз 29-умин солгарди рўзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ҷашн мегирем. Барои расидан ба ин рўзи саид халқи тоҷик аз имтиҳон ҷиддии таърих гузашта бо шарофати хиради азалии худ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид ва аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами Ваҳдат сарҷамъ гардида, озодона умр ба сар барад.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирўзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид ва дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои озоду дурахшон фурўзон намуд. Ин руйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони мамлакат ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистонро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкорию созандагӣ машғул шавад.
Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегўяд: «Имрўз ҷавҳари асосӣ ва моҳияти Истиқлолият бояд маҳз Ваҳдати миллӣ бошад, зеро истиқлолро бе ваҳдат ва Ваҳдати миллиро бе Истиқлолияти комил тасаввур кардан имкон надорад».
Воқеан, танҳо Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа буда метавонад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ минбаъд низ Тоҷикистонро ба суи рушди устувор, пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум роҳнамои хоҳад кард. Ҳифзи ин неъмати бузург вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеъа мебошад. Дар охири суханрони муовини директори кулли Палата кормандони Палатаро ба муносибати Рузи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуд.

