
Санаи 30 июни соли 2026 дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо муносибати қабули ташаббуси навӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036" бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 25 июни соли 2026, дар арафаи рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ қабул гардид, мизи мудаввар доир гардид.
Муовини директори кулли Палата Шараф Сангов дар баромадашон қайд карданд, ки ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда аз болоравии обрӯву эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷую сулҳхоҳ дар арсаи байналмилалӣ ва дастгирии ташаббусҳои кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, хабар медиҳад ва мо бовари дорем, ки ин ташаббуси бузург дар устувории сулҳ дар ҷаҳон барои наслҳои оянда нақши калидии худро хоҳад гузошт.

