
Рӯзи 22-уми июни соли 2026 директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Нурализода А.Н., дар ҳайати намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бо мақсади дидани омодагиҳо ва иштирок дар “Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон” ва ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Алма-ато сафар карданд.
Санаи 25-июн директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар дафтари кории минтақавии Палатаи миллии соҳибкорони шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон "Атамикен" бо муовини директори Палата оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ ва сармоягузорӣ Руденко О.А. вохӯрии корӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ муовини роҳбари Палатаи мазкур оиди таъсисёбии Палата ва самтҳои фаъолияти кориашон ба ҳайати мо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Сипас, директори кулли Палатаи вилояти Хатлон оиди кор ва фаъолияти Палата ва имкониятҳои иқтисодию сармоягузории вилояти Хатлон ибрози ақида намуданд. Бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар самти дастгирии чорабиниҳо, мубодилаи маълумотҳои барои тарафҳо лозима гузаронидани таҷрибаомўзӣ, муносибатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, техникӣ ва ғайраҳо байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва Палатаи соҳибкорони вилояти Алма-ато, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Баъдан ҳайати мо аз ширкати «DISTANTIA» дидан намуда, бо роҳбари ширкати мазкур Болтаев Дидар вохурданд. Дар вохурӣ тарафҳо оиди дар оянда тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ки дар бозори байналмилалӣ талабот доранд ва пешравии иқтисодиёти бозоргонии имруза бе чунин мутахассисон ғайри имкон аст, гуфтугуҳои судманд ба анҷом расониданд.
Бо мақсади дар амал тадбиқ кардани ин ҳадафҳо ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва ширкати «DISTANTIA», Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Баъдан ҳайати мо аз ширкати «DISTANTIA» дидан намуда, бо роҳбари ширкати мазкур Болтаев Дидар вохурданд. Дар вохурӣ тарафҳо оиди дар оянда тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, ки дар бозори байналмилалӣ талабот доранд ва пешравии иқтисодиёти бозоргонии имруза бе чунин мутахассисон ғайри имкон аст гуфтугуҳои судманд ба анҷом расониданд.
Бо мақсади дар амал тадбиқ кардани ин ҳадафҳо ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва ширкати «DISTANTIA», Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

