Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Намояндагони ширкатҳои саноатӣ-тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Хатлон ташриф оварданд

Баъди доир гардидани “Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон” дар шањри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон дар рузҳои 27-28 июни соли 2026 ва вохуриҳои доирнамудаи роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, санаи 2 июли соли ҷорӣ намояндагони ширкатҳои саноатӣ-тиҷоратии Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Хатлон ташриф оварда бо роҳбарияти Палатаи Савдо ва саноати вилояти Хатлон мулоқот оростанд.

Зимни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, васеъ намудани ҳаҷми гардиши мол, ҷалби сармоягузориҳо, таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди истеҳсолоти саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои хариди масулотҳои кишоварзӣ, хизматрасониҳои бонкӣ, нақлиёту логистика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Нурализода Амрулло Назрулло қайд карданд, ки намояндагони хоҷагии кишоварзии вилояти Хатлон зимни чунин гуфту шунидҳо бо вусъат бахшидани содироти молу маҳсулоташон майдони фаъолияташонро васеъ мегардонанд.

Намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Джулумов Канат иҷрокунандаи директори “Фридом-Банк” таъкид намуд, ки вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои бузурги аграрии кишвар дорои имкониятҳои назарраси истеҳсолӣ ва содиротӣ буда, дар ин замина имкони васеъ аст, ки аз минтақа маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавоти тару тоза, хушкмева ва дигар маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои Ҷумҳурии Қазоқистон содирот шавад.