Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛУ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ САЛОМАТӢ ВА ЗЕБОӢ

ДАР «ДУШАНБЕ ЭКСПО» НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛУ ХИЗМАТРАСОНИҲО БАРОИ САЛОМАТӢ ВА ЗЕБОӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Имрӯз дар Маркази намоишгоҳи байналмилалии «Душанбе Экспо» намоишгоҳи байналмилалии молу хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ оғоз гардид. Намоишгоҳ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба муаррифии иқтидор ва имкониятҳои ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои иштирокчӣ равона гардидааст.

Дар намоишгоҳ зиёда аз 60 ширкати ватанӣ ва хориҷӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуда, маҳсулот, таҷҳизот, технология ва хизматрасониҳои худро пешниҳоди иштирокчиён намуданд.

Дар ин бора раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодшоҳ Раҳмонализода зимни маросими ифтитоҳи намоишгоҳ хабар дода, гуфт, ки дар он барои гуфтушуниди соҳибкорон ва пайдо намудани шарикони нави рушд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин, дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар суханронӣ намуда, вобаста ба рушди соҳаи тандурустӣ ва хизматрасониҳо дар самти зебоӣ маълумот доданд.

Нодирҷон Собиров, намояндаи интернет-дорухонаи «Саломат», зимни суҳбат иброз дошт, ки тамоми маводи дорувории ин дорухона дорои сертификати сифат буда, айни замон шабакаи он аз 26 дорухона иборат аст. Ҳамчунин, ба муштариён машваратҳои ройгон оид ба истифодаи доруҳо пешниҳод карда мешаванд.

Намоишгоҳ ба иштирокчиён имконият фароҳам овард, то бо ширкатҳо, маҳсулоти онҳо ва технологияҳои муосири соҳаи тандурустӣ шинос гардида, барои ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини зебоии худ аз онҳо истифода намоянд.

Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ то 20 июни соли равон идома мекунад. Дар рӯзи ҷамъбастии он иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Гурҷистон дар назар дошта шудааст, ки ин метавонад барои таҳкими бештари ҳамкориҳои байни давлатҳои иштирокчӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.