Санаҳои 4-5 июни соли ҷори дар мавзеи “Чилдухтарон”-и ноҳияи Муъминобод, Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Хатлон: сарзамини тамаддунҳо ва сайёҳат” баргузор гардид.
Таҳти роҳбарии директори кулли Палатаи вилоят Нурализода Амрулло Назрулло, Сардори Раёсати ПСС-и вилоят дар минтақаи Кулоб Раҷабов Зафар Ҳасанович, мутахассиси шуъбаи кор бо аъзоёни Палата ва намоишгоҳҳо Набиев Файзулло ва ташхисгари Раёсати ПСС-и вилоят дар минтақаи Кулоб Сангов Пулодҷон саҳми худро гузоштанд.
Дар Форум намояндагони вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои соҳавии кишварҳои ҳамшарик, роҳбарони ширкатҳои ватанию хориҷӣ, соҳибкорону сармоягузорон, коршиносони милливу байналмилалӣ, ҳамчунин меҳмонон ва намояндагони бахши сайёҳии кишварҳои ҳамсоя, ширкатҳои сайёҳии дохилию хориҷӣ, олимону коршиносони соҳаи сайёҳӣ вобаста ба масъалаҳои рушди соҳа, беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва истифодаи дурусти он, рушди ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳои соҳавӣ беш аз 20 кишвар, аз чумла Узбекистон, Ќирѓизистон, Ќазоќистон, Русия, Чумҳурии Туркия, Эрон ва дигар давлатхо иштирок доштанд.
Нахуст, дар мавзеи сайёҳии Чилдухтарон ба меҳмонону иштирокдорон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон, Намоишгоҳи имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ва ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоят буда, доир гардонида шуд, ки маҳсулоти истеҳсоли ҳунармандону косибон ва ғайра пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни Форум гардонида шуд.
Форум ва намоишгоҳи мазкур барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкориҳои муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.
Инчунин дар чорабинӣ мазкур намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, сармоягузорон, созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон дар ҳошияи Форум маросими расмии имзои шартномаҳо ва Ёддоштҳои тафоҳум оиди ҳамкориҳо доир гардид, ки Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо ташкилотҳои дохилию хориҷӣ беш аз 15 ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкори ба имзо расонид.
Ҳадафи асосии ёддоштҳои тафоҳуми баимзорасонидаи мазкур густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои ташкили сафарҳои ҳайатҳои тиҷоратию иқтисоди, гузаронидани семинар машваратҳо, намоишгоҳҳо ва омӯзишӣ таҷрибаи пешқадам дар соҳаи сайёҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ, табодули таҷриба, ҷалби сармоягузорӣ мебошад.
1. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо ширкати сайёҳии (“EURO VOSTOK TRAVEL” МЧЖ) Ҷумҳурии Узбекистон;
2. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо ширкати сайёҳии (“JASMIN TRAVEL AGENCY” МЧЖ) Ҷумҳурии Узбекистон;
3. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо намояндагии ДЖР Россия;
4. Ёддошти тафоҳуми ҳамкори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо директори намояндагии ташкилоти Швейтсарии «Helvetas Swiss Intercooperation» ;
5. Ёддошти тафоҳуми ҳамкори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо ширкати сайёҳи ва хизматрасони «YOG DU TRAVEL» - и Ҷумҳурии Узбекистон;
6. Ёддошти тафоҳуми ҳамкори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо ширкати хизматрасонии «Проэтаж»- и кишвари Олтой шаҳри Барнаул;
7. Ёддошти тафоҳуми ҳамкори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо ширкати «Эко Культурная Туристическая Ассосиатсия»-и вилояти М.К.Бадахшон;
8. Ёддошти тафоҳуми ҳамкори Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ширкати сайёҳи «Сайри дурахшон» ва «Сайри Бустон»- и вилояти Суѓд;
9. Ёддошти тафоҳуми ҳамкории Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Донишгоҳи давлатии Бохтар (ДДБ ба номи Носири Хусрав);
10. Ёддошти тафоҳуми ҳамкории Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Донишгоҳи давлатии Данғара (ДДД);
11. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (ДДК ба номи А. Рӯдакӣ);
12. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо ҶДММ «Сайёҳӣ, фароғатии меҳмонхонаи Чилдухтарон»;
13. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии Сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон;
14. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон;
15. Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.

