Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Вохурии директори кулли Палатаи вилоят бо соҳибкорзанон

Санаи 22 июни соли ҷори директори кулли Палатаи вилоят бо соҳибкорзанон: роҳбари хоҷагии деҳқонии "Файзали-1" Рустамова Н. ва соҳибкори инфиродӣ Амирова М. аз ноҳияи Кӯшониён, соҳибкори инфиродӣ Табарова Н. аз шаҳри Левакант ва соҳибкори инфиродӣ Таварова Ҳ. аз ноҳияи Ҷайҳун вохурии корӣ доир намуданд. Дар вохўри оиди чорабиниҳое, ки бо ташаббуси Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Хатлон доир гардонида мешавад, инчунин таъмини иштироки аъзоёни Палата дар Форуму намоишгоҳҳо, тернингу семинарҳое, ки дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар доир мегардад, маълумоти муфассал пешниҳод гардонида шуд. Инчунин оиди саҳми Палатаи вилоят дар рушди соҳибкорӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни соҳибкорони вилояти Хатлон ва соҳибкорони минтақаҳои ҷумҳурию хориҷи кишвар, ибрози ақида намуданд. Ба соҳибкорон оиди афзалиятҳои шомил шудан ба аъзогии Палатаи савдо ва саноат фаҳмонда дода шуд.

Дар натиҷа соҳибкорони мазкур дархостҳои худро ҷиҳати ба аъзогии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон қабул шуданашон пешниҳод намудаанд.