Муҳтарам Соҳибкорон-аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Опубликовано Чт, 11/10/2022 - 11:12Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумотатон мерасонад, ки санаи 10-уми ноябри соли 2022, соати 9:00 дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе, вохуриҳои дуҷонибаи (B2B) миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Самараи Федератсияи Россия баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки ҳайати тиҷоратии вилояти Самара зиёда аз 13 ширкату корхонаҳои хурду миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишварамон ва пайдо намудани шарикони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.