Рўзи 21-уми октябр дар «Кохи Фарҳанги» -и шаҳри Бохтар «Фестевали дониш ва навоварӣ барои занони деҳот» бахшида ба таҷлили рўзи миллии соҳибкорон ва рўзи байналмиллалии занони деҳот баргузор гардид. Дар чорабини муовини Раиси вилоят Сулаймонзода А.Р, намояндагони вазорату кумитаҳои Ҷумҳурявӣ, роҳбарон ва намояндагони як қатор ташкилотҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон иштирок ва суханрони намуданд.
Палатаи савдо ва саноати вилоят дар баргузории намоишгоҳ, ки дар ҳошияи фестивали мазкур доир гардид нақши худро гузошта, иштироки соҳибкорон-аъзоёни Палатаро бо молу маҳсулотҳояшон таъмин намуд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 20 ширкату корхонаҳо ва соҳибкороне, ки бо лоиҳаҳои дар вилояти Хатлон фаъолиятдошта ҳамкорӣ доранд, маҳсулотҳои истеҳсоли худро пешкаши меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳи мазкур гардониданд. Инчунин ташкилотҳои хурди қарзии вилоят низ дар намоишгоҳ хизматрасониҳои худро пешниҳод намуданд.