Рушди системаи экологии соҳибкорони ҷавон

Рӯзи 11-уми майи соли ҷорӣ иштироки аъзоёни Палатаро дар мизи мудаввар дар мавзуъи «Рушди системаи экологии соҳибкорони ҷавон» аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар меҳмонхонаи «Рамз»-и шаҳри Бохтар баргузор гардид, таъмин намудем.

семинар (тренинг)

Рӯзи 25 –уми апрел дар бинои Палата бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Империяи дониш» семинар (тренинг) бо мақсади кушодани филиалҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб оиди паҳн кардани арифметикаи равонӣ (ментальной арифметики) байни кӯдакон ва мактаббачаҳо баргузор гардид, дар ин чорабини роҳбари ширкати мазкур Коробкина В.В., ва омӯзгор Захаров А. иштирок ва баромад намуданд.        

Вохӯрии судманд

Рузи 17-апрели соли ҷори директори кулли Палата бо Мардаев Б.Х. -сардори Раёсати Палатаи савдо ва саноати вилояти Сурхандарё ва Ҳасанов Э. -муовини аввали ҳокими ноҳияи Сариосёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯри доир намуд. Дар вохӯри ҷиҳати баргузор намудани Намоиши молу маҳсулотҳои вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Форуми соҳибкорони вилояти Хатлон ва Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Бохтар, гуфтугуҳои судманд ба анҷом расонида шуд.

иштироки як қатор аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон

Рӯзҳои 29 то 31-уми марти соли 2018 иштироки як қатор аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилоятро бо молу маҳсулотҳояшон аз он ҷумла, Соҳибкор асалпарвар Қосимов И., аз шаҳри Бохтар, ҶСК «Хоҷамумин»-и ноҳияи Восеъ, ҶДММ «Муминшифочой»-и ноҳияи Муъминобод, КВД «Зари Кулоб»-и шаҳри Кулоб, ҶДММ «Ҳазориспанд»-и ноҳияи Ш.Шоҳин ва ҶДММ «Дук»-и ноҳияи Шаҳритуз дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон – 2018» ва Ҳамоиши доираи соҳибкорон, ки  дар МД «Кохи Борбад»-и

Намоишгоҳи ҳунарҳои мардуми

Рӯзи 24-уми марти соли ҷорӣ Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумро, бахшида ба ҷашнгиррии Наврӯзи байналмилалӣ дар тарабхонаи «Малика»-и шаҳри Бохтар баргузор намудем.

Ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон

Рӯзи 7-уми марти соли равон таҳти роҳбарии намояндаи палата иштироки якқатор аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилоятро  дар Ҷаласаи якуми Шӯрои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки санаи 8-уми март дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенс»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъмин намудем.

Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ

Рӯзи 14-уми феврали соли 2018 Палатаи савдо ва саноати вилоят Хатлон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлонро таҳти унвони «Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ», ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», нигаронида шуда буд, дар театри вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов-и ш.Қӯрғонтеппа баргузор намудем.

Директори кулли Палата бо муовини роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Мирзодавлатов Ф. вохӯри доир намуд.

Дар вохӯри бо мақсади аз наздик шиносои пайдо кардан аз иншоотҳои сохташуда ва сохташавандаи минтақа дидан карда, оиди ҳамкориҳо бо МОИ мазкур ва таъмини иштироки ҳайатҳои тиҷоратию иқтисодие, ки бо таклифи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи мо ба вилоят ташриф меоранд гуфтугуҳо ба анҷом расонида шуд.

Директори кулли Палата бо Алишер Қ. корманди Ташкилоти байналмилалии «Винрок Интернешнл» вохӯри доир намуд.

Дар вохурӣ оиди ҳамкориҳо бо аъзоёни Палата, ки бо парвариш, истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва шири машғуланд, гуфтугуҳо ба анҷом расонидашуд.

Pages