Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумотатон мерасонад, ки санаи 10-уми ноябри соли 2022, соати 9:00 дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе, вохуриҳои дуҷонибаи (B2B) миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони вилояти Самараи Федератсияи Россия баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки ҳайати тиҷоратии вилояти Самара зиёда аз 13 ширкату корхонаҳои хурду миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишварамон ва пайдо намудани шарикони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.
Ширкатҳои мазкур дар соҳаҳои омехта, тандурустӣ, косметология, қаннодӣ, обҳои нӯшокӣ, меваҳои хушк, кишоварзӣ, агролизинг, дистрибюторҳо ва ғайра иштирок менамоянд.
Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Дар ҳолати пайдо гардидани саволҳо Шумо метавонед бо шахси мутасаддӣ тамос гиред.
Тел:+ 992 98 887 05 75 - Муниса Сатторӣ
Рӯйхати ширкатҳо дар замима пешниҳод гардидааст.