Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Ташрифи ҳайати соҳибкорони шаҳри Курган таҳти роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Кургани Федератсияи Россия ба вилояти Хатлон

Дар асоси Ёддошти тафоҳуми ба имзо расонидашудаи байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва шаҳри Кургани Федератсияи Россия ва бо даъвати Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ҳайати соҳибкорони шаҳри Курган таҳти роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Кургани Федератсияи Россия, Назаренко И.В., рўзи 22-уми ноябри соли ҷорӣ ба вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд. Сараввал меҳмонон бо муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода А.Р. вохўрии корӣ доир намуда, дар вохўри оиди имкониятҳои тиҷоратию иқтисоди ва сармоягузории вилояти Хатлон ба меҳмонон маълумоти муфассал дода шуд. Меҳмонон оиди ҳадафи сафарашон ба вилояти Хатлон муаррифномаҳои худро пешниҳод кардаанд. Дар чорабини директори кулли Палата Расулзода Фарҳод, сардори раёсати сармоягузори ва идораи амволи давлатии вилоят Қурбонзода Қ. иштирок варзиданд.

Дар нимаи дуюми рўз меҳмонон дар шаҳри Бохтар бо намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва роҳбари корхонаи коммуналии шаҳри Бохтар вохурии корӣ доир намуда, оиди ҳамкориҳо гуфтугухои судманд ба анҷом расониданд.

Сипас, меҳмонон ба самти ноҳияи Ҷайҳун сафар намуда, бо кор ва фаъолияти хочагии дехконии «Ансори» ва деҳқононе, ки ба парвариши пиёзи барвакти дар ноҳияи машғуланд шинос шуда, оиди дар оянда ба роҳ мондани содироти лиму ва пиёзи барвақти ба шаҳри Курган ибрози ақида намуданд.

Дар охири руз мехмонон аз муассисаи давлатии «Осорхонаи таърихӣ кишваршиносии вилоятии ба номи «Авасто» дидан намуда, бо мусавварахо ва гушаҳои, ки таърихӣ Хатлон заминро муаррифи мекунанд шинос шуданд. Мехмонон инчунин, бо дастовардҳои даврони истиқлоли мехнаткашони вилояти Хатлон дар осорхонаи мазкур шинос шуданд.