Рўзи 25 октябр бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади дастгирии фаъолияти аъзоёни Палата ва соҳибкорони вилоят дар шаҳри Бохтар, вохурии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷ.Ҷ. ва муовини Раиси вилоят Сулаймонзода А. Р. бо соҳибкорони вилоят, доир гардид.
Вохуриро директори кулли Палатаи вилоят Расулзода Фарход оғоз намуда, оиди ҳадафҳои вохўрии мазкур, қайд карда гузаштанд.Муовини Раиси вилоят ва Раиси ПСС-и ҶТ баромад намуда оиди сиёсати имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои вилоятии он дар рушди соҳибкорӣ, таъмини иштироки соҳибкорон дар чорабиниҳо, муаррифии ҳарчи бештари маҳсулотҳои истеҳсоли вилояти Хатлон дар намоишгоҳҳои дохилию берунӣ, тариќи ин баланд бардоштани иқтидори содиротии вилояти Хатлон, қайд карда гузаштанд.
Аъзоёни Палата ва соҳибкорони вилоят пешниҳодҳои худро оиди иштирокашон дар форуму намоишгоҳҳои ватанию байналмиллалӣ, рушди содирот, дастгирии соҳибкорон ҷиҳати харидории технологияи ҳозиразамон, ба воситаи дастрасӣ ба манбаҳои қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, пайдо кардани бозорҳои фуруши маҳсулотҳои истеҳсол кардаашон, манзурӣ муовини Раиси вилоят ва Раиси ПСС-и ҶТ гардонида, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Дар чорабини мазкур аз зиёда аз 35 аъзоёни Палата ва соҳибкорони вилоят иштирок намуда, изҳори қаноатманди ва миннатдорӣ намуданд.
Дар нимаи дуюми рўз Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроёнашон бо кор ва фаъолияти ҶДММ «Кото-Глобол»-и шаҳри Бохтар, ҶДММ «Паймонаи Заррин»-и шаҳри Левакант ва хоҷагии деҳқонии «Абдусолеҳ»-и ноҳияи Кушониён шиносои пайдо намуда, бо роҳбарият ва кормандони корхонаҳои мазкур гуфтугўҳои судманд оиди ҳамкоризо доир намуданд.