Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /home/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Календарь событий

09 August 2022

Международная выставка Aquatherm® Tashkent отметит свой 10-летний юбилей

Международная выставка «Отопление, Вентиляция, Кондиционирование, Водоснабжение, Сантехника, Бассейны, Технологии по охране окружающей среды и Возобновляемые источники энергии – Aquatherm®Tashkent 2022» отметит свой 10-летний юбилей и вновь соберет всех специалистов отрасли на одной площадке.

Дата: 28-30 сентября 2022 года

Место проведения: Узэкспоцентр, Ташкент, Узбекистан

Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии "TajBuld" ифтитоҳ гардид

Санаи 4 август дар маҷмааи варзишии «Манеж» бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаҳои сохтмону саноат ва дар доираи пешбурди «Солҳои рушди саноат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Намоишгоҳи байналмилалии сохтмони « TajBuild » оғоз гардид.

Штати Колорадаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Дар рӯзҳои сафари ҳайати соҳибкорони вилояти Хатлон ба штати Колорадаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Расулзода Фарход бо директори Палатаи савдо ва саноати шаҳри Боулдер Ҷаноби Скот Стернберг вохӯрии корӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ директори ПСС-и вилояти Хатлон қайд карданд, ки шаҳри Боулдерро бо шаҳри Душанбе пойтахти азизи кишварамон, риштаҳои муносибатҳои фарҳангӣ мепайвандад, вале мо аз имкониятҳои Палатаҳои савдо ва саноат самаранок истифода бурда, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо шаҳри Боулдер бояд рушд диҳем.

Мулоқоти Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болу (Туркия)

29-уми июли соли 2022, Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова Манзура Акрамовна бо Раиси Палатаи савдо ва саноати шаҳри Болуи Туркия - Туркер Атеш ва Менеҷери Минтақаи махсуси саноатии мутишаккили саноатии омехта ва нассоҷии минтақаи Болу Мустафо Гулен вохӯрӣ намуд.

Идомаи сафар ба штати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Рӯзи 26 июли соли ҷорӣ дар идомаи сафар ба штати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳайати соҳибкорони вилояти Хатлон дар шаҳраки Голден бо кор ва фаъолияти Бизнес инкубаторӣ "Go Farm" шинос шуда, оиди таҷрибаи он маълумотҳои муфассал пайдо намуданд. Сипас ҳайати мо бо кор ва фаъолият ширкати "Avery brewing co", ки бо истеҳсоли оби ҷав ва корхонаи хурди яхмосбарории "Sweet cow" , ки дар шаҳри Боулдер воқеъанд шинос шуда, оиди таҷрибаи муосири истеҳсолии корхонаҳои мазкур бархӯрдор шуданд.

Хайат соҳибкорони вилояти Хатлон ба штати Коларадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Рӯзи 23 июли соли ҷорӣ, бо ташаббусӣ лоиҳаи ЮСАИД "Оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон," таҳти роҳбарии роҳбари лоиҳаи мазкур Лилия Твердун ва директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Расулзода Фарход, ҳайат соҳибкорони вилояти Хатлон, роҳбарони ширкату корхонаҳои истеҳсолкунанда ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзии вилоят ба штати Коларадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Ҳадафи сафари ҳайат ин шиносоӣ ва омӯзиши таҷрибаи муҳосирӣ истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва содироткунандагони маҳсулотҳои кишоварзии Амрико мебошад.

Боздиди раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз Маркази логистикӣ

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафари кориаш дар ноҳияи Вахш аз рафти сохтмони Маркази логистикӣ дидан намуд.

Ин марказ аз тарафи соҳибкор Саидов Абдухолиқ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рақобатпазирии агробизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҶДММ “Восток-1”-и ноҳияи Вахш ба маблағи 248 ҳазору 584 доллари америкоӣ бунёд мегардад. 50%-и маблағи сохтмонро соҳибкор сармоягузорӣ кардааст.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин мавзеъ бунёди ду сардхона бо имконияти қабул намудани то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст.

Рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо вилояти Самараи Федератсияи Россия дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ

Бо мақсади рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо вилояти Самараи Федератсияи Россия дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, санаи 15 июли соли ҷорӣ мулоқоти маҷозии намояндагони вилояти Хатлон ва вилояти Самара баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ташрифи доираи соҳибкорони вилояти Самара ба вилояти Хатлон ва сафари соҳибкорони вилояти Хатлон ба вилояти Самара, бунёди корхонаҳои муштарак ва рушди иқтидори содиротии ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Иннопром»

Курганцы смогут торговать с самым большим регионом Таджикистана. На международной выставке «Иннопром» президент курганской Торгово-промышленной палаты (ТПП) РФ Илья Назаренко подписал соглашение с коллегой из Хатлонской области Таджикистана Фарходом Расулзодой. В этом регионе республики проживает большая часть населения. О подписании документа URA.RU рассказал Назаренко. «На „Иннопроме“ подписали меморандум о сотрудничестве с ТПП Хатлонской области республики Таджикистан. В ней проживает 40% населения страны.