Дар рӯзҳои сафари ҳайати соҳибкорони вилояти Хатлон ба штати Колорадаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Расулзода Фарход бо директори Палатаи савдо ва саноати шаҳри Боулдер Ҷаноби Скот Стернберг вохӯрии корӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ директори ПСС-и вилояти Хатлон қайд карданд, ки шаҳри Боулдерро бо шаҳри Душанбе пойтахти азизи кишварамон, риштаҳои муносибатҳои фарҳангӣ мепайвандад, вале мо аз имкониятҳои Палатаҳои савдо ва саноат самаранок истифода бурда, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро бо шаҳри Боулдер бояд рушд диҳем.