Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Идомаи сафар ба штати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Рӯзи 26 июли соли ҷорӣ дар идомаи сафар ба штати Колорадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳайати соҳибкорони вилояти Хатлон дар шаҳраки Голден бо кор ва фаъолияти Бизнес инкубаторӣ "Go Farm" шинос шуда, оиди таҷрибаи он маълумотҳои муфассал пайдо намуданд. Сипас ҳайати мо бо кор ва фаъолият ширкати "Avery brewing co", ки бо истеҳсоли оби ҷав ва корхонаи хурди яхмосбарории "Sweet cow" , ки дар шаҳри Боулдер воқеъанд шинос шуда, оиди таҷрибаи муосири истеҳсолии корхонаҳои мазкур бархӯрдор шуданд. Санаи 27 июл соҳибкорони мо аз ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои кишоварзии хоҷагиҳои фермерии шаҳри Денвер дидан намуда, бо истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзӣ ва иштироккунандагони чорабинии мазкур вохӯриҳо доир намуданд. Баъдан ҳайати мо бо кор ва фаъолияти Бизнес инкубаторӣ "Comal" ошноӣ пайдо намуда, оиди ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи чунин Бизнес инкубаторҳо дар вилояти Хатлон ҳадаф бо худ гузоштанд. Дар охири рӯз иштироккунандагони сафари омўзишии мазкур бо сардорӣ департаменти Рушди иқтисодиёт ва савдои байналмилалии штати Колорадо ҷанобӣ Конер Марфи вохӯрии корӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ ҷаноби Конер Марфи оиди рушди иқтисодиёт, сармоягузорӣ ва савдои байналмилалии штати Колорадо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷониби директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Расулзода Фарход оиди дастовардҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва вилояти Хатлон муаррифнома пешниҳод гардид.