Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Хайат соҳибкорони вилояти Хатлон ба штати Коларадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Рӯзи 23 июли соли ҷорӣ, бо ташаббусӣ лоиҳаи ЮСАИД "Оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон," таҳти роҳбарии роҳбари лоиҳаи мазкур Лилия Твердун ва директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Расулзода Фарход, ҳайат соҳибкорони вилояти Хатлон, роҳбарони ширкату корхонаҳои истеҳсолкунанда ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзии вилоят ба штати Коларадои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Ҳадафи сафари ҳайат ин шиносоӣ ва омӯзиши таҷрибаи муҳосирӣ истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва содироткунандагони маҳсулотҳои кишоварзии Амрико мебошад. Инчунин дар доираи сафар гузаронидани вохӯриҳои корӣ бо соҳибкорони шаҳрҳои Денвер ва Боулдер ба нақша гирифта шудааст . Рӯзи 25 июл ҳайати вилоят аз чойхонаи "Душанбе" , ки ба ифтихори бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер сохта шудааст дидан намуданд . Сипас, ҳайати мазкур аз хоҷагии фермерии " CURE - organic farm" , ки бо парвариши сабзавот дар майдонҳо ва гармхонаҳо машғул аст дидан намуда, бо кор ва фаъолияти хоҷагии фермерии мазкур аз наздик шинос шуданд.