Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии "TajBuld" ифтитоҳ гардид

Санаи 4 август дар маҷмааи варзишии «Манеж» бо мақсади мусоидат ба рушди соҳаҳои сохтмону саноат ва дар доираи пешбурди «Солҳои рушди саноат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Намоишгоҳи байналмилалии сохтмони « TajBuild » оғоз гардид.

Ташкилкунандагони ин намоишгоҳ Ассотсиатсияи “TajBuild” дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаҳои меъморӣ ва сохтмон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шарики асосии чорабинӣ ширкати сохтмонии «Строй центр» мебошад. Инчунин корхонаҳои зерин ҳамшариканд: ширкати истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ «Сиёма», ҶСП «ДушанбеСити», Ширкати миллии НЕТС. Ширкати чопи TJ, Asia-Plus ва Masterprint. Чорабинии мазкур бо дастгирии бечунучарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадафи аслии ин намоишгоҳ фароҳам овардани заминаи мусоид барои дарёфти шарикон, ҷалби сармоя, таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ байни ширкатҳои ватаниву хориҷии ширкаткунандаи намоишгоҳ ва дар ин замина муаррифии маҳсулоти сохтмонӣ ва ороишӣ, таҷҳизоти сохтмонӣ ва хизматрасонии сохтмон дар бозори махаллй, мебошад.

Дар намоишгоҳ дастовардҳои навтарини ширкатҳои ватанӣ ва таҷрибаи беҳтарини ширкатҳои бонуфузи сохтмонии хориҷӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, технология ва таҷҳизоти махсус ба намоиш гузошта шудааст. Намоишгоҳи байналмилалии “TajBuild” аз 6 қисм иборат аст: масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ, пешниҳодҳои меъморӣ ва ороишӣ, сохтмони манзилҳои наздишаҳрӣ, коммуникатсия ва таҷҳизоти муҳандисӣ, механизмҳо, асбобҳо, комбинезонҳои саноатӣ ва амволи ғайриманқул.

Зиёда аз 70 ширкати ватаниву хориҷӣ аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти сохтмонии худро дар Намоишгоҳи байналмилалии сохтмони « TajBuild » муаррифӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки намоишгоҳ бо мақсади татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки марҳилаи якуми он давраи то соли 2025 мебошад ва инчунин татбиқи Стратегияи чоруми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани рушди устувори соли 2025-ро дар бар мегирад, ва солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор мегардад.

Намоишгоҳ кори худро 5, 6 августи соли 2022 идома медиҳад.