Бо мақсади рушди ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо вилояти Самараи Федератсияи Россия дар самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, санаи 15 июли соли ҷорӣ мулоқоти маҷозии намояндагони вилояти Хатлон ва вилояти Самара баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои ташрифи доираи соҳибкорони вилояти Самара ба вилояти Хатлон ва сафари соҳибкорони вилояти Хатлон ба вилояти Самара, бунёди корхонаҳои муштарак ва рушди иқтидори содиротии ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.