МУЛОҚОТИ РАИСИ ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО НАМОЯНДАИ ДОИМИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН

Санаи 24 феврали соли 2022, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҷаноби Озан Севимлӣ вохўрӣ доир намуданд.

Қабл аз оғози муколама, Ҷумъахонзода Ҷамшед аз дастгириҳои доимии Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати амалӣ гардонии як қатор лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карда, доир ба фаъолият ва нақшаҳои Палата ҷиҳати дастгирии бахши хусусии кишвар ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба мамлакат, маълумотҳои мухтассар пешниҳод намуд.

Мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко

25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Рӯзи Артиши миллӣ муборак!

Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дӯстону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон табрику таҳният мегӯяд. Иди Артиши миллӣ, иди далериву мардонагӣ, иди муҳофизони шуҷои Ватан мебошад. Яқин аст, ки ҳар яки Шумо ватандӯстони аслӣ ҳастед ва дар ободиву дифои Ватани азизамон ҳиссаи бузург доред. Рӯзи далерони ҳақиқие, ки мақоми волои шуҷоатмандиро дарк кардаанд табрик мегӯем!

Дар толори тарабхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Бохтар мизи мудаввар дар​ мавзўи «Нақши Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва хориҷӣ»

Рўзи 18-уми феврал дар толори тарабхонаи «Эҳсон»-и шаҳри Бохтар мизи мудаввар дар​ мавзўи «Нақши Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва хориҷӣ», инчунин оиди натиҷаҳои ҳамкориҳо дар соли 2021-ум бо аъзоёни Палата, соҳибкорони муваффақи вилоят ва шарикони рушд доир​ намудем.​

Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Бо камоли ифтихор ва самимияти беандоза тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мафомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолӣ буда, неру, қудрату тавоноии он ба як ниҳоди пуриқтидори муосири замонавӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз пурра ҳимояи марзу буми меҳани аждодиро ба дӯши худ гирифтааст.

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАВАНДИ БУНЁДКОРИҲО ДАР БОЗОРИ ЗАМОНАВИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДИДАН НАМУДАНД

Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин бо раванди бунёдкориҳо дар бозори замонавӣ, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бунёд гардида истодааст, шиносоӣ пайдо намуданд. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои соҳибкори ватанӣ бо ҷалби 120 нафар коргарони маҳаллӣ бунёд мегардад. Иншоот дар масоҳати умумии 4 гектар сохта шуда, бинои асосӣ аз ду ошёна ва 50 нуқтаи савдо иборат аст. Дар саҳни бозор 9 соябони савдо ва 3 таваққуфгоҳи нақлиёт ҷой дода шудааст. Арзиши харҷномавии сохтмони иншооти мазкур 21 миллион сомониро дар бар мегирад.

САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

18 феврал дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз таҷдиду барқарорсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот”,рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии корпаратсияи “Салтанат” ва амалишавии лоиҳаи барқарорсозии агрегатҳои нерӯгоҳи барқии обии Вахш дар шаҳри Левакант ва рафти сохтмони бинои сехи банду басти меваю сабзавот ва ҷараёни корҳои сохтмони гармхонаҳо дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар дидан намуд.

ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ГАРМХОНАҲО БАРОИ ПАРВАРИШИ САБЗАВОТӢ БАРВАҚТӢ

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз ҷараёни корҳои сохтмонии гармонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ боздид ба амал оварданд. Дар ин самт кори хуби бунёдкунандагони гармхонаҳои мавсимии хоҷагии деҳқонии Истиқлол таҳти роҳбарии Гулмурод Маҳмадуллоев намунаи ибрат арзёбӣ гардид.

Павилоьне Таджикистан на Экспо-Дубай 2020

Личное приглошение директор Мунисиполитет продукт питание Дубай с вопросом (увивлённо)

-Почему Ваши сухофрукты(особенно абрикосовые) нет в супермаркетах Дубай в реализации-

-Какие первые щаги требуеться для импорта Таджикский сухофруктов в целом в Дубай-.

Pages