САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ РАВАНДИ БУНЁДКОРИҲО ДАР БОЗОРИ ЗАМОНАВИИ НОҲИЯИ ХУРОСОН ДИДАН НАМУДАНД
Опубликовано Вт, 02/22/2022 - 08:47Қоҳир Расулзода дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин бо раванди бунёдкориҳо дар бозори замонавӣ, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бунёд гардида истодааст, шиносоӣ пайдо намуданд. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои соҳибкори ватанӣ бо ҷалби 120 нафар коргарони маҳаллӣ бунёд мегардад. Иншоот дар масоҳати умумии 4 гектар сохта шуда, бинои асосӣ аз ду ошёна ва 50 нуқтаи савдо иборат аст. Дар саҳни бозор 9 соябони савдо ва 3 таваққуфгоҳи нақлиёт ҷой дода шудааст. Арзиши харҷномавии сохтмони иншооти мазкур 21 миллион сомониро дар бар мегирад.
САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
Опубликовано Вт, 02/22/2022 - 08:4618 феврал дар доираи сафари корӣ ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода аз таҷдиду барқарорсозии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот”,рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсолии корпаратсияи “Салтанат” ва амалишавии лоиҳаи барқарорсозии агрегатҳои нерӯгоҳи барқии обии Вахш дар шаҳри Левакант ва рафти сохтмони бинои сехи банду басти меваю сабзавот ва ҷараёни корҳои сохтмони гармхонаҳо дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар дидан намуд.
ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ГАРМХОНАҲО БАРОИ ПАРВАРИШИ САБЗАВОТӢ БАРВАҚТӢ
Опубликовано Вт, 02/22/2022 - 08:43Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз ҷараёни корҳои сохтмонии гармонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ боздид ба амал оварданд. Дар ин самт кори хуби бунёдкунандагони гармхонаҳои мавсимии хоҷагии деҳқонии Истиқлол таҳти роҳбарии Гулмурод Маҳмадуллоев намунаи ибрат арзёбӣ гардид.
Павилоьне Таджикистан на Экспо-Дубай 2020
Опубликовано Ср, 02/09/2022 - 14:06Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Садаи ниёгон
Опубликовано Вт, 02/08/2022 - 14:578 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва сӯҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Вохурии Сафир бо Сафири Сингапур дар Туркия
Опубликовано Вт, 02/08/2022 - 14:54Санаи 7 феврали соли 2022 вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Сафири Сингапур дар Туркия Ҷонаттан Тов баргузор гардид.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба дарёфти роҳҳои нав ҷиҳати тақвияти ҳамокориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла дар самти ҳукумат ва савдои электронӣ, шаҳри ҳушманд (smart city), бонкдории рақамӣ, IT, минтақаҳои саноатӣ ва технопаркҳо, инчунин логистика ва сайёҳӣ ибрози назар намуда, мубодилаи таҷриба дар ин самтҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Иштироки ширкатҳои тоҷикистонӣ дар намоишгоҳи байналмиллалии “ПродЭкспо-2022” дар шаҳри Москва
Опубликовано Вт, 02/08/2022 - 14:48Ҷиҳати иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон бармеоянд ва яке аз масъалаи асосие, ки зикр намуданд ин пеш аз ҳамма таъмин намудани иштироки ширкатҳои ватанӣ дар корӣ намоишгоҳҳои хориҷӣ ҷиҳати муаррифӣ намудани молу маҳсулотҳои ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза маҳсуб меёфт.
21-я Международная выставка «Продукты питания, ингредиенты и технологии производства - UzFood 2022» .
Опубликовано Ср, 02/02/2022 - 14:16Сафари гурӯҳи пиллакорони вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Опубликовано Ср, 01/26/2022 - 15:5719.01.22 Сафари гурӯҳи пиллакорони вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як гурӯҳи корӣ, ки дар он пиллакорони вилоят, роҳбарони корхонахои пиллапарварӣ, хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба хуроки пилла сару кор доранд, ба ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати таҷриба андӯхтан аз рушди соҳаи пиллапарварӣ сафар намуданд.











