25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, ба саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.
Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифт.
Ҳарду ҷониб ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо, мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.