Рӯзи 2 март, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар бо роҳбари Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Морабито Висент дидору мулоқот анҷом доданд.
Баррасии ҷузъиёти лоиҳаи нави ЮСАИД оид ба масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ мавзӯи меҳварии мулоқоти мазкур буд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ташрифи меҳмононро ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта, қайд карданд, ки фасли пурфайзи баҳор мавсими оғози корҳои саҳроӣ барои деҳқонону кишоварзон мебошад. Аз ин лиҳоз, боварии комил дорем, ки “Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон” барои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Маврид ба зикри хос аст, ки вилояти Хатдон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, 70 фисади аҳолии он дар самти кишоварзӣ фаъолият менамоянд. Ҳамзамон раиси вилоят иброз доштанд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан сармояи мустақим, ки дар Паёми навбатии худ қайд карданд, имрӯз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкориҳои судмандро бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ ҷиҳати ҷалби сармоя, ворид намудани технологияҳои муосир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди устувори минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии минтақа ба роҳ мондааст.
Ҷаноби Моробито Висент аз истиқболи роҳбарияти вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани ҳосилнокии соҳаи кишоварзӣ ва рушд бахшидани корҳои деҳқонӣ мебошад.
- Инчунин, мо аллакай бо роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ гуфтушунид анҷом дода, барои боз ҳам тақвият додани соҳа нақшаҳо тартиб додем, - афзуд М. Висент. - Дар оянда бо доираи васеи хоҷагидорону деҳқонон семинарҳои омӯзишӣ зиёд гузаронида мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо пешниҳоди якчанд таклифи судманд ҷиҳати татбиқи самарабахши лоиҳа, изҳор доштанд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои густариши ҳамкориҳо дар ин самт алоқаманд мебошад.