Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо вазъи кишти зироатҳо дар Қубодиён шинос шуданд
Опубликовано Вт, 04/28/2020 - 14:38Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз, 24 апрел, бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, ҳолати истифодаи самараноки заминҳои кишт, раванди корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни боздид аз гармхонаи шаҳрванд Азамат Абдураҳмонов дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки он дар майдони 0,5 га замин бунёд гардида, дар гармхона 8 ҳазор ниҳоли помидор шинонида, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ 20 нафар дар ба кор ҷалб шудаанд.