Бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» Нусратулло Файзуллоев ба кормандони муассисаҳои тандурустӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва ташкилоту идораҳои вилояти Хатлон 100 ҳазор адад ниқоби тиббӣ ройгон тақсим карда мешавад.
Тавре зимни суҳбат яке аз масъулони ширкат Ким Ҷунг Бок иттилоъ дод, ниқобҳои истеҳсолшударо, ки сифати баланд доранд, ба муддати дароз истифода бурдан мумкин аст. Ба гуфтаи ӯ, корхона дар як шабонарӯз метавонад 10 ҳазор дона ниқоб истеҳсол намояд. То ба ҳол беш аз 60 ҳазор ниқоби тиббӣ истеҳсол ва дастраси кормандони беморхонаҳо, ташкилоту идораҳо гардидааст.
Дар «Ресандаи Қӯрғонтеппа» айни замон 150 нафар дар шароити хубӣ кори фаъолият доранд, ки аксарияти онҳоро занону духтарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Корхона ҳама гуна фармоишро барои истеҳсолу дастрас кардани ниқоб ва либоси махсуси тиббӣ қабул мекунад.