Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ “ФАРМ ТЕКС” ДАНГАРА

Рузи 7 апрел, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафари кории худ ба ноҳияи Данғара аз фаъолияти корхонаи «Фарм Текс», ки ба истеҳсоли маҳсулоти гигиенӣ, маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ машғул мебошад, дидан карданд.

Ба иттилои масъулин, дар коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 25 ҳазор адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ истеҳсол мегардад. Фаъолияти корхона шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, бештар бонувони маҳаллӣ ва мутахассисони аз худи ноҳия ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд.

Зимни боздид аз фаъолияти коргоҳ Сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон ба масъулин барои дар сатҳи баланд ва бо сифати хуб истеҳсол намудани ниқобҳои тиббӣ дастурҳо доданд. Зеро имрӯзҳо талабот ба ниқобу дигар маводи гигиенӣ бештар гардидааст.

Ба иттилои Муборакшо Катахонов – директори иҷроияи корхона оид ба рушд, маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳ ҳамарӯза ба муассисаҳои тандурустӣ ва дорухонаҳои мамлакат дастрас мегарданд.

Сарвазири кишвар ба аҳли кормандон барои бо сифати хуб анҷом додани фаъолияташон изҳори сипос намуд.

Қобили зикр аст, ки корхонаи «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара асосан ба истеҳсоли маводи басту банди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгӯй маҳсулотро истеҳсол мекунад.

Дар ин шабу рӯз корхона истеҳсоли ниқобҳои босифати аз дока ва пахтаи маҳаллӣ таҳиягардида ва маводи истифодаи гигиенаи шахсиро ба маротиб афзун карда, моҳи марти соли равон ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор ниқоб ва маҳлули безараргардонӣ истеҳсол намудааст.

Корхонаи «Фарм Текс» дар як шабонарӯз имконият дорад 2 ҳазор килограмм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашуда омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навъҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.

Мавриди зикр аст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода роҳбарии гурӯҳи кории ҳукуматӣ доир ба бунёди иншоот бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.