Вохӯрии судманд
Опубликовано Сб, 10/27/2018 - 10:53Рӯзи 2 октябри соли ҷорӣ вохӯрии тарафҳои сохтори давлатӣ ва хусуси оиди ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоятҳои бо мо ҳаммарзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар толори меҳмонхонаи «Мафтуна»-и ш.Бохтар баргузор гардид. Дар чорабини намояндаи Агентии Ҷопон оиди ҳамкориҳои байналхалқӣ, намояндагони Барномаи СММ аз ҷониби Афғонистон ва Тоҷикистон иштирок намуда, баромад карданд.



