Рӯзи 23-уми сентябри соли ҷори Палатаи савдо ва саноати вилоят бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо Ширкати намоишгоҳии байналмилалии «PSP TRADERS SERVICES PVT.LTD» Намоиши молҳои Ҳиндустонро дар театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар баргузор намудем.