Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Вохӯрии судманд

Рӯзи 2 октябри соли ҷорӣ вохӯрии тарафҳои сохтори давлатӣ ва хусуси оиди ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоятҳои бо мо ҳаммарзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар толори меҳмонхонаи «Мафтуна»-и ш.Бохтар баргузор гардид. Дар чорабини намояндаи Агентии Ҷопон оиди ҳамкориҳои байналхалқӣ, намояндагони Барномаи СММ аз ҷониби Афғонистон ва Тоҷикистон иштирок намуда, баромад карданд.

        Дар чорабини оиди ҳолати имрӯза муносибатҳо, монеаҳои рушди тиҷорат ва роҳҳои беҳтар гардонидани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии минтақаҳои ҳаммарз байни Тоҷикистону Афғонистон ва самаранок гардонидани кори комиссияи муштарак байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилоятҳои бо мо ҳамсарҳадӣ Ҷумҳурии Афғонистон, қайд карда гузаштанд.

         Инчунин дар доираи чорабини вохӯриҳои В2В соҳибкорони тоҷику авғон доир гардида, тарафҳо молу маҳсулотҳои истеҳсоли худро пешкаши иштирокчиёни чорабинии мазкур гардониданд.

       Дар доираи чорабини директори кулли Палата бо роҳбари корхонаи истеҳсоли қолинҳои дастбофӣ вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исолмии Афғонистон Насрулло Калонтарӣ вохӯри доир намуд. Дар вохӯри оиди хариди пашми хушсифат ва истеҳсолкунандагони он гуфтушунидҳо ба анҷом расонида шуд.