Рӯзи 18-уми сентябри соли ҷори таҳти роҳбарии намояндаи Палата 10- нафар роҳбарони ширкатҳо ва соҳибкорони вилоят, Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ», ҶСП «Аввалин», ҶДММ «Даврон К», ҶДММ «Азия» ва ғайраҳо дар ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Тоҷикистону вилояти Синдаои Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок варзиданд.