ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗИИ 11 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
Опубликовано Пн, 10/12/2020 - 14:18Имрӯз, 7 октябр, маросими ифтитоҳи 11 километрроҳи азнавсозишудаи мавзеи Зағертут дар шаҳри Левакант бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода баргузор гардид.
Таҷдиду азнавсозии роҳи автомобилгарди деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти “Ваҳдат”, ки зиёда аз 11 километр дарозӣ дорад, бо ибтикор ва эҳтимоми соҳибкори ватанӣ М. Шарифзода пурра ба анҷом расид.
Сохтмони роҳ 1 июли соли 2020 оғоз гардида, октябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.