Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Левакант аз рафти амалишавии Лоиҳаи барқарорсозии агрегатҳои нерӯгоҳи барқии обии Вахш дидан намуд.
Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ мебошад. “Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад”,- пайваста таъкид медорад Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин радиф дар баробари пурра таҷдиду азнавсозӣ кардани агрегатҳои нерӯгоҳҳои обии барқии мамлакат, шаш агрегати силсиланерӯгоҳҳои барқи обии Вахш дар шаҳри Левакант, ба маблағи 136 миллион доллари амрикоӣ пурра таъмиру азнавсозӣ мегардад. Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ доданд, ки аллакай муҳаррикони панҷ агрегат пурра иваз гардида, дар агрегати шашум бошад корҳои азнавсозӣ идома дорад. Зимни вохӯрию мулоқот бо кормандони силсиланерӯгоҳҳои барқи обии Вахш Сарварзири мамлакат таваҷҷӯҳи масъулинро ба сифати корҳои бунёдкорӣ ҷалб карда, дар назди онҳо дар самти баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.