Корхонаи хурди истеҳсоли равғани растанӣ, собун, маҳсулоти пластикӣ, истеҳсоли линга ва сардхона воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл кучаи А.Каримов бо ташаббӯси ҶДММ “Ганҷи Деҳа” бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи қоидаҳои меъморӣ сохта шуда истода, роҳбарии корхонаро Ашурматов Зиёдалӣ ба уҳда дорад.
Масоҳати умумии коргоҳ 7700 метри мурабба, маблағи умумии сохтмон 350 ҳазор доллар аз ин 200 ҳазор барои харидори намудани таҷҳизотҳо пешбини гардидааст. Корхона бо назардошти талаботи аҳолӣ ба маводи хӯрока, либос ва асбобҳои рӯзгордорӣ бунёд гардида, 20 нафар шаҳрвандони деҳаи мазкур бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гардид.