Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Бизнес Форуми «МАҚСАДҲОИ ГЛОБАЛӢ БАРОИ ҲАМА»

18-уми январи соли ҷорӣ, дар доираи баргузории ЭКСПО-2020 Дубай дар шакли омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ), Бизнес-форуми «МАҚСАДҲОИ ГЛОБАЛӢ БАРОИ ҲАМА», Ҳафтаи Ҳадафҳои Глобалӣ, кори худро оғоз намуд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDGs) ва таъкид ба зарурати пурзур намудани уҳдадориҳо барои иҷрои ҳадафҳои даҳсолаи амал мебошад.

Иштироккунандагон қайд намуданд, ки танҳо тавассути шарикӣ дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мо метавонем ба ин ҳадафҳои ҷаҳонӣ ноил шавем.

Дар кори ин чорабинї намояндагони Палатахои савдо ва саноат ва бахшхои хусусии якчанд мамлакатҳо иштирок намуданд. Бо назардошти он, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди Ҳадафҳои Рушди Устувор дар ҳама сатҳҳои бахшҳои давлатӣ, хусусӣ ва ғайритиҷоратӣ афзалият медиҳад, Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Палатаҳои минтақавии Суғд ва Хатлон ва намояндагони бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.