Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Календарь событий

24 January 2022

Имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид

Дар Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор гардид, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо муассис ва раиси Abraham Business Circle (Шурои сармоягузорони Абраҳам) доктор Рафаэл Нагел мулоқот намуд.

Бизнес Форуми «МАҚСАДҲОИ ГЛОБАЛӢ БАРОИ ҲАМА»

18-уми январи соли ҷорӣ, дар доираи баргузории ЭКСПО-2020 Дубай дар шакли омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ), Бизнес-форуми «МАҚСАДҲОИ ГЛОБАЛӢ БАРОИ ҲАМА», Ҳафтаи Ҳадафҳои Глобалӣ, кори худро оғоз намуд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Ҳадафҳои Рушди Устувор (SDGs) ва таъкид ба зарурати пурзур намудани уҳдадориҳо барои иҷрои ҳадафҳои даҳсолаи амал мебошад.

Иштироккунандагон қайд намуданд, ки танҳо тавассути шарикӣ дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ мо метавонем ба ин ҳадафҳои ҷаҳонӣ ноил шавем.