Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Календарь событий

26 March 2021

Ифтитоҳи бинои Маркази саломатӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Кушониён

26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи  Кӯшониён бинои нави маркази тандурустии “Ваҳдат”-ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ аз ҷониби соҳибкорӣ ватандӯст Фақерзода Анвар бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Боздид аз боғи намунавии дарахтони нодир дар хоҷагии деҳқонии “Саидон”-и шаҳри Бохтар

26 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи намунавии дарахтони нодир ва намоиши ниҳоли ороишии хоҷагии деҳқонии “Саидон”-и шаҳри Бохтар дидан карданд.

Аёдати фарзандони падар ва пайвандон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

25 март сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати мусоид, бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва бо риояи анъана ва суннатҳои хоси наврӯзӣ — аёдати наздикону пайвандон ба дидорбинии фарзанди падар ва пайвандонашон омаданд.

Фарзандону наберагони хонадон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ҳамчун нишони эҳтиром барои бобои худ шеърҳо қироат карданд.