Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Календарь событий

16 March 2021

Ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир гардид

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оғоз доир гардид.

Ҷамъомадро прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода ифтитоҳ бахшида, пас аз шодбошии ҳамкасбон суханро ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дод.

Раиси вилоят аҳли толорро ба муносибати иди касбиатон — Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, хонаободӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ барору комёбӣ орзу кард.