Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Календарь событий

21 December 2020

Сафари кории Сарвазири Чумхурии Точикистон ба шахри Бохтар

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари кории хеш аз иншоотҳои гуногуни саноатию маишии шаҳри Бохтар дидан намуда, барои анҷоми корҳои сохтмонии сифатан хуб ва дар муҳлати муайянгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамватанони азиз!

Ба иттилои Шумо мерасонем, ки дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғоз гардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ баанҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ мегардад. Имсол бо сабаби вазъияти маълум ин амал кашол ёфт, ки барои ин аз муштариёни муҳтарам маъзарат мехоҳем.

Ҳамватанони азиз!

Тавре ба ҳамаи Шумо маълум аст, муддати чандин соли охир тавассути ба истифода додани иншооти нави соҳаи энергетика мушкилиҳои мардум оид ба таъмини қувваи барқ осон гардида истодааст.

Дар давраҳои оғози истиқлолият солҳое буданд, ки сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳамагӣ ду соат барқ мегирифтанд, вале аз 14 январи соли 2017 мо маҳдудияти таъмини нерӯи барқро пурра бардоштем ва то имрӯз мардуми Тоҷикистон 24 соат бо нерӯи барқ таъмин мебошанд.