Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Сафари кории Сарвазири Чумхурии Точикистон ба шахри Бохтар

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафари кории хеш аз иншоотҳои гуногуни саноатию маишии шаҳри Бохтар дидан намуда, барои анҷоми корҳои сохтмонии сифатан хуб ва дар муҳлати муайянгардида дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бунёди як қатор корхонаҳои саноатӣ ва иншоотҳои таълимӣ бунёд гардида истодаанд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Хакимзода ва дигар меҳмонони расмӣ аз оғози фаъолияти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “Камбинати хӯрокворӣ”, ки дар маҳаллаи Маданияти шаҳри Бохтар ҷойгир буд дидан карданд. Гуфта шуд, ки сардхона бо тарҳи наву замонавӣ бунёд ёфта, дар он зиёда аз 650 тонна маҳсулоти кишоварзӣ нигоҳ дошта мешавад. Ин сардхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Саъдуллоев сохта шудааст, ки айни замон зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон ба ҷойи корїтаъмин гардидаанд. Сипас дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз ду адад гармхона, ки ба парвариш ва нигоҳубини помидор равона гардидааст дидан намуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳибкорони ватанӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор корхонаҳои саноатиро дар маркази вилоят шаҳри Бохтар бунёд намуда истодаанд. Зимни боздиди Сарвазири мамлакат аз шаҳри Бохтар ба фаъолияти Ҷамъити дорои масъулияташ маҳдуди “Бохтар-шифер”, ки дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Бохтар бунёд ёфтааст дидан карданд. Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки корхонаи саноатии шифербарорӣ бо тарҳи наву замонавӣ сохта шуда, техникаву таҷҳизоти саноатиро аз давлати Чин ворид намудаанд, ки дар як шабонарӯз 4,5 ҳазор донна шифери хушсифат истеҳол менамоянд.
Масъулини корхонаи саноатӣ иқдом гирифтаанд, ки дар баробари ин ободкориҳо дар дохили корхонаи саноатӣ як адад сардхона ва сехи коркарди меваю сабзавотро бунёд намоянд. Айни замон дар ин корхонаи саноатӣ 60 нафар сокинон ба ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин мебошанд.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф сол то сол рӯ ба тараққӣ намуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мактабҳои наву замонавӣ сохта шуда истодаанд. Дар ҳамкориҳои башардӯстонаи давлати Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Бохтар муассисаи таҳсилот барои 320 нафар хонанда дар як баст аз ҷониби фармоишгар ширкати чинии “Синохидро” бунёд гардида истодааст.
Ёдрас мегардем, ки ин муассисаи таълимӣ наву замонавӣ бо маблағи зиёда аз 9 миллион сомонӣ бунёд гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъити дорои масъулияташ маҳдуди “Диамант и ка” бар ӯҳда дошта, дар ин шабурӯз 60 нафар сохтмончӣ ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.
Дар ҳамин замина аз корҳои сохтмонӣ ва бунёд ёфтани кӯдакистон дар маҳаллаи номбурда Сарвазири мамлакат ва гурӯҳи меҳмонон дидан карда, ба корҳои сохтмонӣ ва тарҳи лоиҳаҳои наву замонавӣ изҳори миннатдорӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин ду муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Алишер Назриев бунёд мегардад. Муассисаи хусусии навбунёд нақшаи таълимиро бо забонҳои хориҷӣ аз ҷумла русӣ ва англисӣ ба роҳ монда, роҳбарият тасмим гирифтааст, ки хонандагони болайёқатро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таҳсил фаро гирад. Дар ин замина барои хонандагони шаҳру ноҳияҳои минтақаи дур бунёди хобгоҳ барои зиёда аз сад нафар хонанда ба нақша гирифта шудааст. Сарвазири мамлакат ба масъулин ва соҳибкорони шаҳри Бохтар барои анҷоми корҳои босифат супориш дода, таъкид намуд, ки ҳарчи зудтар корҳои сохтмониро то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонанд.
55_0.jpg
 
555_0.jpg