Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Календарь событий

23 September 2020

Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ дар ноҳияи Вахш

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш ҳамчунин Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” -ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ дидан карданд.

Маҷмааи фарҳангии “Офтобак” бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҷиҳати истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Истиқбол дар варзишгоҳи Пахтакори ноҳияи Шаҳритус, боздид аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов”, “Ҳомид” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот, бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов” ва “Ҳомид” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Ифтитоҳи гулгашти 70-солагии азхудкунии Водии Вахш ва Нишони давлатӣ дар шаҳри Бохтар

Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.

Гулгашт дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз соли 2018 оғоз гардида, роҳрав ва майдончаву сутуни Нишони давлатӣ бо истифода аз санъати миллӣ оро ёфтааст.

Оғози сафари корӣ дар шаҳри Бохтар

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони шукргузори маркази вилоят самимона истиқбол гирифтанд.