Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Ифтитоҳи гулгашти 70-солагии азхудкунии Водии Вахш ва Нишони давлатӣ дар шаҳри Бохтар

Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.

Гулгашт дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз соли 2018 оғоз гардида, роҳрав ва майдончаву сутуни Нишони давлатӣ бо истифода аз санъати миллӣ оро ёфтааст.

Дар бунёди гулгашти 70 — солагии азхудкунии Водии Вахш, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шуда буд, соҳибкорони ватанӣ низ саҳм гузоштаанд.

Дар рафти сохтмон барои зебову назаррабо ва дилкашу дилнишин кардани як гӯшаи шаҳр дар ду тарафи наҳр дарвозаҳои даромад сохта шуда, роҳравҳо сафолакпуш ва майдони боғ сабзазор гардидааст. 4 фаввораи гулгашт бо сангҳои хоро ва мармар ороиш дода шуда, барои равшаннамоии майдони боғ 75 адад фурӯзонак насб гардидааст. Дар як тарафи наҳр 2 шаршараи сунъӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шуд.

Дар тарафи рости наҳр Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр ва худи нишон ба андозаи 2,6 метр бо санги хоро оро ёфта сохта шуд.

Ду пули пиёдагарди болои наҳр ва як пули калон аз ороишоти дигари боғ мебошад.

Дар майдони боғ зиёда аз 89 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, аз ҷумла гули катарантас, гули тагетс, тоҷи хурус, мехчагули туркӣ ва салвия.

Дар ҳудуди гулгашт дарахтони нодири ороишӣ, аз ҷумла арча 330 адад, акатсия 5 адад, писарвӣ 35 адад, липа 35 адад ва сирена 15 адад шинонида шудааст.

Майдони гулгашти “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва ҳам назди Нишони давлатӣ ба як макони хушбоду ҳаво бо манзараҳои дилкаш ба мавзеи хуштарҳу замонавии сайру гашти сокинону меҳмонон табдил ёфта, минбаъд имкон аст дар ин ҷо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда шавад.