ХАТЛОН. НАҚШАИ СОЛОНАИ СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР 7 МОҲ ПУРРА ИҶРО ГАРДИД
Опубликовано Пт, 08/14/2020 - 15:48ар моҳҳои январ-июли соли 2020 аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот содирот карда шудааст.
Тавре ки Шарофиддин Асомиддинзода, мудири бахши намояндагии Агентии содирот дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод, нақшаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат дар соли ҷорӣ 90 ҳазор тонна муқаррар шуда, то имрӯз беш аз 90 ҳазору 235 тонна маҳсулот, баробар ба 100,3%-и дурнамо, содирот гардид.