Error message

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls in menu_set_active_trail() (line 2405 of /var/data/tppkhat/public_html/includes/menu.inc).

Календарь событий

07 August 2020

МУШКИЛЕ НЕСТ, КИ ОСОН НАШАВАД. Суҳбати ихтисосии «Ҷумҳурият» бо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода

Дар вилояти Хатлон дар нимсола ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 186 миллион сомонӣ ва ё 5,2 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра 1222 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ беш аз 1000 гектар боғ бунёд гардид, ки иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарвариро 109 дарсад таъмин намуд. Кишоварзон ба кишварҳои хориҷӣ 81 ҳазор тонна маҳсулот фиристоданд, ки нисбат ба соли рафта 13 ҳазор тонна зиёд аст.