Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон, рўзҳои 23-24-уми июли соли 2021 сафари кории раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон, доир гардид.
Дар рафти сафари корӣ раиси вилояти Хатлонро муовини аввали раиси вилоят Салимзода А.Ф., муовини раиси вилоят Файзуллозода З.Қ., раисони шаҳрҳои Бохтар, Кўлоб, Норак, ноҳияҳои Кушониён, Шаҳритус, Қубодиён, Н.Хусрав, Дўстӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Данғара, Хуросон, Фархор, Ҳамадонӣ ва Ҷ.Балхи, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят , мудирони шўъба ва бахшҳои дастгохи раиси вилоят, роҳбарони як қатор Раёсату ташкилотҳои вилоятӣ , намояндагони воситахои ахбори омма ва соҳибкорони вилоят ҳамроҳӣ намуданд.
Дар сарҳади вилояти Сурхандарё, дидбонгоҳи гумрукии «Гулбаҳор» раиси вилояти Хатлон ва ҳамроёнашонро муовини якуми Ҳокими вилояти Сурхандарё, раиси ноҳияи Термиз ва дигарон пешвоз гирифтанд.
Сипас ҳайати вилояти Хатлон аз Маркази логистикии «Термиз карго центр» дидан намуда, бо кор ва фаъолияти маркази мазкур шиносои пайдо намуданд, баъдан ҳайати мо аз минтақаи озоди иқтисодии «Термиз», ки дар майдони 80,6 га дар ҳудуди маркази логистикии мазкур бунё шуда истодааст, дидан намуданд.
Инчунин ҳайати мо бо фаъолияти ҶДММ «Ангор Сурхон Ғурури», ки ба парвариши кластерҳои пахта машғул аст, шиносои пайдо карда, аз пахтазорӣ ҷамъияти мазкур дидан намуданд.
Баъдан ҳайати мо аз ҶДММ «Зиф Текстил», ки бо дўхти либосҳои мардонаву занона ва кўдакона машғул аст, дидан намуданд. Ширкати мазкур бо дастгоҳҳои дўзандагии пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳаз буда, то 1000 коргарон аз он ҷумла, занону духтаронро бо кори доими фаро гирифта, молу маҳсулотҳои истеҳсолкардаи худро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба фурўш мебарорад.
Пас аз нисфирўзи ҳайати вилояти Хатлон бо кор ва фаъолияти ҶС «Сурхондарё Дон маҳсулотлари», ҶДММ «Шеробод Текстил Инвест», «Шеробод Агро Импекс» ва «Шеробод Анор Импекс» вилояти Сурхандарё, ки корхонаҳои муваффақи вилояти Сурхандарё мебошанд, шиносои пайдо карданд.
Рўзи 24 июл ҳайати вилояти Хатлон аз хоҷагии фермерии «Нурмуҳаммад Мафтуна»-и ноҳияи Термиз, ки ба соҳаи пахтакорӣ машғуласт дидан намуда, бо дастоварду таҷрибаҳои онҳо аз наздик ошнои пайдо намуданд.
Баъдан ҳайати мо бо фаъолияти ҶДММ «Афросиёб парранда», «Сурхон Керамикс», «Класс ЭКСПО», ки ба истеҳсоли хўроки омехтаи парранда, плитаҳои керамикӣ ва шишаҳои гуногун машғуланд дидан намуданд.
Сипас ҳайати вилояти Хатлон аз Намоишгоҳи дастовардҳои ширкату соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Сурхандарё, ки дар толори намоишгоҳии бинои Палатаи минтақавии савдо ва саноати вилояти Сурхандарё, ки дар ҳар ғуруфа дар алоҳидаги муаррифӣ карда шуданд дидан намуда, бо роҳбарон ва намояндагони ширкату корхонаҳо, дар рафти кори намоишгоҳ вохўриҳо доир намуданд.
Дар ҳошияи кори намоишгоҳ директори кулли Палатаи вилоят бо сардори Палатаи вилояти Сурхандарё Менглиев А. вохўрии корӣ доир намуда, оиди рушди ҳамкориҳо байни соҳибкорони вилоятҳо ва ташкили сафари ҳайати тиҷоратии иқтисодии вилояти Сурхандарё ба вилояти Хатлон ибрози ақида намуданд.
Худи ҳамон рўз бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва Ҳокими вилояти Сурхандарё муҳтарам Боболов Т.А., Бизнес-форуми соҳибкорони вилояти Хатлон ва Сурхандарё доир гардид. Дар ҳошияи баргузории форуми мазкур Ёддоштҳои тафоҳум оиди рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни вилоятҳои Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон ва 15 шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Сурхандарё ба имзо расонида шуд.
Инчунин бо мақсади рушди ҳамкориҳои судманд байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон ва ҶДММ «Бухоро Реал Мото», Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Термиз, Минтақаи озоди иқтисодии «Кўлоб» ва Минтақаи озоди иқтисодии «Термиз» ва аз ҷониби ширкату соҳибкорони вилояти Хатлон ва вилояти Сурхандарё, дар доираи форуми мазкур зиёда аз 20 Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Дар рўзҳои сафар раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати вилояти Хатлонро, Ҳокими вилояти Сурхандарё Боболов Т.А., муовинони ҳокими вилоят, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилотҳои вилояти Сурхандарё ҳамроҳи намуданд.
Вохӯрию мулоқотҳо ва чорабиниҳои баргузор гардида, манфиатбахш ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардида, ҳайати намояндагон мо бо таассуроти қаноатмандӣ баргаштанд.