Бо маќсади иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, дар самти рушди њамкорињо тиљоратию иќтисодї бо Љумњурии Ўзбекистон, рўзи 28-июни соли 2021 тањти роњбарии директори кулли Палатаи вилоят, соњибкорони вилоят дар њайати роњбарони ЉДММ «Осиё+М»-и шањри Бохтар, ЉДММ «Восток-1»-и ноњияи Вахш, ЉДММ «Тиљорати Сорбон»-и ноњияи Ёвон, хољагии дењќонии «Њодихуља»-и ноњияи Панљ, ТЉ «Мењргон» ноњияи Ќубодиён, соњибкори инфиродї «Абдукарим Музафаров» ва Кооперативи истењсолии «Бахт»-и ноњияи Кушониён, ки ба самти кишоварзї, коркарди мањсулотњои кишоварзї ва мањсулотњои ширї машѓуланд, бо маќсади иштирок дар баргузории Намоишгоњи байналмилалии «Аgro-Expo Uzbekistan», шиносої бо фаъолиятї якчанд корхонањои муњосирї, коркарди мањсулотњои кишоварзї ва мањсулотњои ширї ба Љумњурии Ўзбекистон сафар корї доир намуданд.
Њайати соњибкорони мо рўзи 28-29 июн соли љорї дар корї Намоишгоњи байналмилалии «Аgro-Expo Uzbekistan», дар шањри Тошканд иштироки фаъолона намуда, як ќатор вохўрињо бо роњбарон ва намояндагони ширкатњое, ки дар корї намоишгоњ иштирок доштанд, доир намудаанд.
Аз он љумла, Ањатов О. роњбари ЉДММ «Осиё+М»-и шањри Бохтар оиди дастрас намудан ва харидории салафани махсус барои бастабандии яхмос бо роњбари ЉДММ “Тенг-Раш”, роњбари ЉДММ «Тиљорати Сорбон»-и ноњияи Ёвон Раљабов Р. оиди дастрас намудан ва харидории зарфњои пластикї андозањои гуногун барои бастабандии кефир, љурѓот, сметана ва дигар мањсулотњои ширї бо роњбари ЉДММ “Арслон-Пласт”-и шањри Тошканд вохурињо корї доир намуда, аз молњои номбурда барои эњтиёљоти истењсолии корхонањои худ харидори карданд ва роњбарони ЉДММ «Восток-1»-и ноњияи Вахш Саидов А. ва хољагии дењќонии «Њодихуља»-и ноњияи Панљ Кодиров Х бошад, љињати харидории хатти истењсолї оиди коркарди меваю сабзавот ва техникаи хољагии ќишлоќ оиди коркарди байни дарахтони боѓњо бо роњбарони ширкатњои љониби Ўзбекистон вохўрињо баргузор намудаанд.
Дар њошияи корї намоишгоњ директори кулли Палата бо директори генералии Ширкати “АGROS machinery” Ismail Hakki Gungor, роњбари ширкати «Aster» Фируза Асадуллоева ва роњбари ширкати «IPEKYOLU GLOBAL AGRO» Асадуллоева Ф. вохўрињо доир намуда, оиди рушди њамкорињо байни соњибкорони вилояти Хатлон ва ширкатњои мазкур ибрози аќида намуданд.
Рўзи 29 июн директори кулли Палатаи вилоят дар дафтари кории Палатаи минтаќавии савдо ва саноати вилояти Самарќанд бо сардори раёсати палатаи мазкур Ќудратов Шерзод Асатович ва соњибкорони вилояти Самарќанд вохўрї доир намуданд. Дар вохўрии корї директори кулли Палатаи вилоят дар бораи имкониятњои иќтисодию сармоягузории вилояти Хатлон ва фаъолияти имрўзаи Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон маълумот муфассал пешнињод намуданд.
Худи хамон рўз дар шањри Бухоро дар толори бинои Палатаи минтаќавии савдо ва саноати вилояти Бухоро бо сардори раёсати палатаи минтаќавии савдо ва саноати вилояти мазкур Ниязов Ѓанї Алиевич ва соњибкорони вилояти Бухоро вохўрии корї доир намудем.
Дар вохўрї директори кулли Палатаи вилоят оиди рушди соњибкорї дар вилояти Хатлон, њамкорињои имрўзаи Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо палатњои хориљи кишвар ва рушди њамкорињо бо Палатаи минтаќавии савдо ва саноати Љумњурии Ўзбекистон, инчунин имкониятњои иќтисодию сармоягузории вилояти Хатлон маълумот пешнињод намуданд.
Дар охири рўз дар шањри Бухоро мо аз ширкати «LOCHIN», ки бо истењсолї мотосиклњо аз он љумла мотосиклњои сечархаи боркашон ва ќисмњои эњтиётии онњо машѓул аст, дидан намудем. Роњбарияти ширкат дар бораи таъсисёбї ва фаъолияту дастовардњои имрўзаи корхонаи мазкур маълумот пешнињод намуда, оиди натиљањои иќтисодии ба дастовардаашон гуфта гузаштанд.
Тибќи пешнињодњои мо роњбари ширкат хоњиши дар вилояти Хатлон ташкил кардани корхонаи муштаракро баён намуданд.
Дар натиљаи вохўрињои доир гардонидаи директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон бо Сардорони палатањои минтаќавии савдо ва саноати вилоятњои Самарќанду Бухоро, бо маќсади мусоидати бештар дар рушди њамкорињои тиљоратию иќтисодии ширкату соњибкорни вилояти Хатлони Љумњурии Тољикистон ва вилоятњои Самарќанду Бухорои Љумњурии Ўзбекистон, ёддошти тафоњум ба имзо расонида шуд.
Санаи 30 июн њайати соњибкорони мо, аз ширкати «GOLD DRIED FRUITS EXPORT»- шањри Тошканд, дидан намуданд. Ширкати мазкур барои яхбандии шокӣ меваю сабзавот махсусгардонида шудааст.
Бо истифодаи аз технологияҳои навтарин ва ба роњ мондани истењсолоти баланд сифат, меваҳои яхкардашударо, ки аз қиёси аврупоӣ камӣ надоранд, бо сифати баланд истењсол намуда ба харидорони хориљї пешнињод менамоянд.
Рўзи 1-июл њайати соњибкорони мо аз ширкатњои «Дон-Милк» ва «Мусаффо» ки яке аз ширкатњои калонтарини коркарди шир ва истењсолї мањсулотњои ширї шањри Тошкент шуморида мешавад, дидан намуданд. Роњбарони ширкатњо моро бо таърих ва фаъолияти ширкатњои «мазкур шиносониданд.
Баъди нимаи дуюми руз мо аз минтаќаи хурди саноатии «Яккасарай», ки дар майдони 70 гектар бунёд шудааст, дидан намуда бо кор ва фаъолияти ширкатњои «Betlis Tekstil», «Full Cotton», «Best Color Textile» ва фаъолияти ширкати «Белтекс»-и шањри Тошкент, ки молњои текстилї, намудњои гуногуни либосњои духтаи занонаю мардона ва кудакона аз он љумла матоњои пахтагин истењсол мекунад ва бо сифат дар Љумњурии Ўзбекистон ва берун аз он номдор аст, шиносои пайдо намуданд.
Дар рўзњои сафар соњибкорони вилояти Хатлонро, намояндагони Палатаи савдо ва саноати Љумњурии Ўзбекистон, роњбарияти Палатањои минтаќавии савдо ва саноати вилоятњои Самарќанду Бухоро њамроњи намуданд.